Манижа Сангин

Манижа Сангин (Ҳамроева Манижа Далеровна, тав. 8 июли 1991, Душанбе, Тоҷикистон) — овозхони тоҷикест, ки ба сабки мусиқии поп месарояд.

Манижа Сангин
Манижа Далеровна Ҳамроева
Manizha.png
Иттилооти асосӣ
Ном ба ҳангоми таваллуд тоҷикӣ: Манижа Далеровна Ҳамроева
Таърихи таваллуд 8 июл 1991(1991-07-08) (29 сол)
Зодгоҳ Душанбе Тоҷикистон
Солҳои фаъолият 2003 — то ҳоло
Кишвар  Русия
Пеша(ҳо) овозхон
Сабк этни-поп
соул
R'n'B
Номи мустаъор РуКола
Манижа Сангин
Manizha
Гурӯҳ Krip De Shin
Ҳамкорӣ Ассаи
Laska Omnia
manizh.me

ЗиндагиномаВироиш

Манижа Ҳамраева соли 1991 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Ӯ набераи Тоҷӣ Усмон, яке аз нависандагони машҳури тоҷик аст. Ӯ бо забони русӣ тарона мехонад ва ҳоло дар Русия зиндагонӣ мекунад. Аввало бо тахаллуси «РуКола» ҳунарнамоӣ мекард. Ҳоло бо номи (Манижа Сангин) (Manizha) дар баромадҳои ҳунарӣ, сабтҳои фиттаҳои видеоӣ ва овозӣ ба мухлисон маълум аст. Соли 2007 Манижа Ҳамраева дар озмуни байналмилалии мусиқӣ дар кишварҳои ИДМ «Панҷ ситора. Интервидение» бомуваффақият иштирок намудааст.

Фаъолияти сарояндагӣ ва ҷамъиятӣВироиш

Овозхони тоҷиктабори Русия Манижа Сангин навозандаи мустақил, муаллиф ва сароянда, коргардони клипҳо, ходими ҷамъиятӣ дар мубориза бо хушунатҳои хонаводагӣ, аз соли 2019 сафири бунёди “Ҳаёт эҳдо бикун”, аз соли 2020 — сафири иродаи неки СММ дар умури паноҳандагон мебошад. Сароянда соли гузашта сафири иродаи неки Русия дар Комиссари Олии СММ дар умури паноҳандагон (UNHCR) интихоб шуд. Дар ин бора созмон 14 декабри соли 2020 — дар рӯзи 70-солагии худ эълом дошт. Пештар Агентии СММ оид ба паноҳандагон сафири иродаи нек аз Русия надошт.[1]

Ғолиби Озмуни байналмилалии суруд “Евровидение” (Eurovision) дар РусияВироиш

Озмуни байналмилалии суруд “Евровидение” (Eurovision) аз соли 1956 ба ин тараф ҳар сол баргузор мешавад ва дар зоти худ яке аз машҳуртарин чорабиниҳо дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Дар қоидаҳои озмун омадааст, ки ҳар ҳунарманд сарфи назар аз миллаташ метавонад аз ҳар кишвар намояндагӣ кунад. Танҳо ҳамзамон ду кишварро муаррифӣ намудан манъ аст. Солҳои охир дар марҳилаи ниҳоии озмун реҷаи гузашти мукаммали парчамҳои ҳамаи давлатҳои ширкаткунанда, ки ба финал роҳ ёфтаанд, баргузор мешавад.

Интихоби иштирокчӣ аз Русия имсол аз тариқи овоздиҳии тамошобинон мустақиман дар Шабакаи якуми Телевизиони Русия 8 марти соли 2021 сурат гирифт. Манижа соли 2021 дар ин озмун Русияро бо суруди «Russian Woman» («Зани рус») муаррифӣ хоҳад кард, ки матни он боиси мавҷи танқидҳои зиёд шудааст. Ба гуфтаи худи овозхон, «Зани рус» — ин сурудест дар бораи тағйирёбии худшиносии зан дар тӯли чанд садсолаи охир дар Русия.[2]

Азназаргузаронии 65-умини озмуни ҷашнӣ аз 18 то 20 май дар толори консертии «Ahoy» Роттердам (Нидерландия) таҳти шиори «Open Up» (“Боз шав”) баргузор мешавад. 18 майи соли 2021 аввалин нимфинали Евровидения фаро мерасад, ки дар он Манижа баромад мекунад. Дар ин рӯз аз 41 навозанда ва гурӯҳҳои барои ширкат дар «Евровидение-2020» эълоншуда, 18 нафар кишварҳояшонро муаррифӣ мекунанд. Нимфинали дуюм 20 майи соли 2021 ба нақша гирифта шудааст. Аз кишварҳои собиқ ИҶШС дар озмун Арманистон, Латвия, Литва, Молдова, Озарбойҷон, Россия, Украина ва Эстония ширкат хоҳанд кард.[3]

Табрикоти Сафири РусияВироиш

Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов овозхон Манижа Сангинро барои ба нимфинали Озмуни байналмилалии «Евровидение-2021» баромаданаш табрик намуда, ба вай барори кор таманно кард.

Овозхони русу тоҷик, сафири иродаи неки Дафтари Комиссари Олии СММ оид ба гурезагон Манижа Сангинро, ки 8 март дар барномаи мустақими Шабакаи аввал ғолиби интихоби миллӣ ҷиҳати иштирок дар озмуни сурудҳои «Евровидение-2021» гардид, табрик менамоем. Ин ки тамошобинони Россия сарояндаи боистеъдодро дастгирӣ карданд, бори дигар аз равобити мустаҳками дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмии байни халқҳои мо шаҳодат медиҳад. Ба Манижа дар озмун комёбиҳо таманно дорем ва бесаброна умедвори пирӯзии ӯ мебошем! Сафири Россия дар Тоҷикистон И. С. Лякин-Фролов

[4]

Машҳуртарин навори видеоии Манижа дар YouTubeВироиш

Навори видеоии Манижа ба суруди Russian Woman («Зани рус»), ки бо он Русияро дар 65-умин озмуни байналмилалии «Евровидение-2021» дар Роттердами Нидерландия муаррифӣ хоҳад кард, дар шабакаи расмии ҳунарнамоӣ дар YouTube миёни 39 клипи иштирокчиёни намоиши соли 2021 аллакай беш аз 6,7 миллион тамошобин пайдо карда, дар байни онҳо машҳуртарин шудааст. [5]

Арзёбиҳои баъзе шореҳони Русия аз ғолибияти МанижаВироиш

1 апрели соли 2021 сиёсатшинос ва рӯзноманигори рус, собиқ муовини сармуҳаррир ва сардабири рӯзномаи «Известия» Георгий Бовт дар мавҷи радиои Business FM чунин гуфт:

«Нармии сиёсӣ — ин ҳоло барои мо нест. Аз «пирӯзии зани тоҷик» барои иштирок дар озмуни сурудҳо огоҳӣ ёфта, «фатводиҳандагон» ва «ифшогарон» аз ҳама тарқишҳо сар берун бароварданд. Шарм надошта, дар бораи миллаташ ҳам гуфтанд. Масалан, Владимир Жириновский гуфт: “Ман мутмаин нестам, ки ин барои баланд бардоштани эътибори зани рус ва дар маҷмӯъ Россия хуб аст. Кӣ ӯро интихоб кардааст? .. Чунин суруд ба кӣ лозим аст?». Мусиқинавоз Юрий Лоза изҳори андеша кардааст, ки суруди Russian Woman ба фарҳанги русӣ робита надорад. Публитсистҳои православӣ ба хашм омаданд ва суханони онҳоро беҳтараш иқтибос наоварем… »

[6]

.

Владимир Жириновский зикр карда буд, ки арзёбии зани рус дар суруди Манижа барои муаррифии кишвари мо дар озмуни байналмилалии суруд мувофиқ нест. Раиси ҲЛДР исрор меварзад, ки дар суруд набояд калимаҳое вуҷуд дошта бошанд, ки шаъну эътибори зани русро паст бизананд. Сипас, Владимир Жириновский шарҳ дод, ки интиқоди ӯ аз композитсияи «Зани рус», ки бо он сароянда Манижа, зодаи Душанбе дар озмуни сурудҳои “Евровидение” аз Россия намояндагӣ хоҳад кард, ба миллати сароянда иртибот надорад. Дар ин бора «РИА Новости» хабар додааст.

«Аз арзёбиҳои баъзе шореҳон, аз ҷумла сиёсатшинос Георгий Бовт, ки танқиди моро ба миллати сароянда рабт медиҳанд, ҳайронем. Сухан дар бораи ин намеравад. Шахсан ман вақте ки дар бораи суруд суҳбат мекардам, танҳо матни онро дар назар доштам»

, — навиштааст Жириновский дар Телеграм — канали шахсиаш.[7]

ЭҷодиётВироиш

АлбомҳоВироиш

  • РуКола «Пренебрегаю» (2008)[8]
  • РуКола «Второй» (2010)
  • Krip De Shin «Krip De Shin» (EP, 2012)[9]
  • Manizha «Manuscript» (2017)[10]
  • Manizha «#ЯIAM» (2018)

ManizhaВироиш

  • Manizha feat. Escome «Waiting» (2012)[11]
  • Manizha «Люстра» (2016)[12]
  • Manizha «I miss him» (2016)
  • Manizha «Иногда» (2017)
  • Manizha «Изумруд» (2017)

Нигаред низВироиш

СарчашмаВироиш

ПайвандҳоВироиш

ЭзоҳВироиш

  1. «УМЕДВОРИ ПИРӮЗИИ Ӯ МЕБОШЕМ!». Сафири Россия ба Манижа дар «Евровидение» муваффақият таманно кард(тоҷ.). www.khovar.tj. 8 апрели 2021 санҷида шуд.
  2. «УМЕДВОРИ ПИРӮЗИИ Ӯ МЕБОШЕМ!». Сафири Россия ба Манижа дар «Евровидение» муваффақият таманно кард(тоҷ.). www.khovar.tj. 8 апрели 2021 санҷида шуд.
  3. «УМЕДВОРИ ПИРӮЗИИ Ӯ МЕБОШЕМ!». Сафири Россия ба Манижа дар «Евровидение» муваффақият таманно кард(тоҷ.). www.khovar.tj. 8 апрели 2021 санҷида шуд.
  4. «УМЕДВОРИ ПИРӮЗИИ Ӯ МЕБОШЕМ!». Сафири Россия ба Манижа дар «Евровидение» муваффақият таманно кард(тоҷ.). www.khovar.tj. 8 апрели 2021 санҷида шуд.
  5. «Навори видеоии Манижа дар шабакаи «Евровидение» миёни иштирокчиёни соли 2021 аз ҳама бештар машҳур шуд(тоҷ.). www.khovar.tj. 8 апрели 2021 санҷида шуд.
  6. «Жириновский гуфт, ки интиқоди ӯ аз композитсияи «Зани рус» ба матни суруд дахл дорад, на ба миллати овозхон Манижа(тоҷ.). www.khovar.tj. 8 апрели 2021 санҷида шуд.
  7. «Жириновский гуфт, ки интиқоди ӯ аз композитсияи «Зани рус» ба матни суруд дахл дорад, на ба миллати овозхон Манижа(тоҷ.). www.khovar.tj. 8 апрели 2021 санҷида шуд.
  8. Выиграй дебютный альбом РуКолы!
  9. Krip De Shin
  10. Manuscript
  11. Манижа — Waiting (feat. Escome)
  12. Manizha — Люстра